Дар Суғд истихроҷи ангишт ба беш аз 1 млн тонна расонида шуд
Хуҷанд, 06.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба ангиштканони вилояти Суғд бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар муяссар гардид, ки истеҳсоли ангиштро ба беш аз 1 млн тонна расонанд. Дар ин бора аз шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти давлатии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Натиҷаи бадастовардаи саноатчиёни вилоятро чун нишондиҳандаи рекордӣ арзёбӣ кардан мумкин аст. Тибқи маълумоти оморӣ дар конҳои ангишти вилоят давоми 11 моҳ 1 миллиону 89,4 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 361,3 ҳазор тонна ё 1,5 маротиба зиёд мебошад».,-хабар дод манбаъ
Ҳоло дар вилояти Суғд ҳашт коргоҳи ангишт фаъолият доранд, ки нақбканони ду кони ангишт — «ФонЯғноб» -и ноҳияи Айнӣ ва «Ғузн»-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба натиҷаи бештар ноил гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






