Дар Театри Маяковский намоиши «Нидои Хайём» рӯи саҳна меояд
ДУШАНБЕ, 08.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии академии драмавии русӣ ба номи Владимир Маяковский намоиши наверо таҳти унвони «Нидои Хайём» рӯи саҳна меорад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, намоиш ба қалами нависандаи маъруф Темур Зулфиқоров тааллуқ дошта, дар бораи андешаҳои шоир ва мутафаккири бузург Умари Хайём дар рӯзи вопасини ҳаёташ нақл мекунад.
Намоишро барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта, нақши асосиро дар он ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев иҷро мекунад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






