Дар ВКД ҶТ солгарди таъсиси Академияи онро таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди муассисаи олии таълимии тахассусӣ- Академияи ВКД ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Тавре аз ВКД ҶТ хабар доданд, дар ҷамъомад Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки «таҷлили солгарди Академияи ВКД рӯйдоди хеле хотирмон мебошад. Новобаста ба он, ки чоряк аср таърихи начандон тӯлонист, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи донишандӯзӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд роҳи хеле дарози маърифатомӯзиро тай намоянд».
Рамазон Раҳимзода ҳамчунин аз бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл пешниҳод гардид, ёдовар шуда, онро «дастурамал барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлол, аз ҷумла барои ҳар як нафар хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ намуд».
Дар ҷамъомади мазкур Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар ҷамъомад Вазири корҳои дохилӣ чанде аз кормандону омӯзгорони Академияи ВКД ва меҳмононро бо Ифтихорномаву медалҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






