Дар Япония татбиқи тарҳҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 6 декабр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо сардори Шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Танигучи Ҳаҷиме баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъулони дастгоҳи марказии ин ниҳод ҳузур доштанд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи бархе аз масоили ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуданд. Аҳамияти татбиқи тарҳҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд».
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами минтақавӣ низ муҳокима гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






