Дастур: ҳамаи камбудиҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бояд сари вақт бартараф шаванд
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Аламхон Қурбонов имрӯз зимни ҷаласаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда дар муассисаҳои маорифи кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бартараф карда шаванд.
Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Инчунин дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти ниҳод дар 11 моҳи соли равон баррасӣ гардид. Ҳадафи ҷаласа баррасии омодагии мақомоти идорӣ, татбиқи чорабиниҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани омодагии неруҳо ва воситаҳо барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода буд»,-хабар дод манбаъ.
Ба роҳбарони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои ноҳия супориш дода шуд, ки то моҳи феврали соли 2017 асноди марбут ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои тафтиши пурра омода карда шаванд. «Инчунин ҳамаи иншооти ҳимоявӣ, ки дар ихтиёри ноҳия ҳастанд, бояд пурра таъмир ва камбудиҳои дар соли 2016 ошкоршуда дар фаъолияти кӯлҳо бартараф карда шаванд. Роҳбарони он ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ки дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ саҳм гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд»,-зикр кард манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Муҳаммадҷон Салимзода, роҳбарони як зумра идораҳо, муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳия ширкат намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






