ДМТ: Соли 2016 дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ натиҷагирии фаъолияти ҳаррӯзаи донишҷӯён тавассути журналҳои электронӣ ба роҳ монда шуд

Декабрь 14, 2016 14:59

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) барои баррасии фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад Муҳаммадшариф Бобошозода, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сайфиддин Давлатзода, сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозоралӣ Одиназода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таваккал Маликов, сардори Раёсати соҳаи иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карданд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни ҷамъомад гуфт: «Яке аз дастовардҳои муҳими Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли сипаригардида- ин гузаштан ба натиҷагирии фаъолияти донишҷӯён аз ҷониби омӯзгор тариқи журналҳои электронӣ мебошад. Қаблан факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба таври пилотӣ ба ин низом гузашта буд ва аз оғози соли 2016 дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ натиҷагирии фаъолияти ҳаррӯзаи донишҷӯён тавассути журналҳои электронӣ ба роҳ монда шуд».
«Раёсати донишгоҳ дар самти дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ корҳои самараноку назаррас ба анҷом расонидааст. Натиҷаи чунин тадбирҳост, ки соли равон дар донишгоҳ 12 нафар рисолаҳои докторӣ ва 66 нафар рисолаҳои номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд»,- зикр кард Муҳаммадюсуф Имомзода.

Декабрь 14, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад