Фаъолияти ҶДММ ТҚХ «Нексигол-молия» қатъ шуд
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ» аз ҷониби ҶДММ ТҚХ «Нексигол-молия» 5 декабри соли равон бо қарори навбатии худ фаъолияти ташкилоти қарзии номбурдаро қатъ кард.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, мутобиқи қарори макур, иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 29 июли соли 2013 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
«Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Нексигол-молия» Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода шуда, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши он гузошта шудааст»,-хабар дод манбаъ.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ин ташкилот дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






