Фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2016 / АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрвандон «К.И.С.» ва «Ҳ.Ҷ.С.»-ро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар ин бора аз КДАМТ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
«Таҳқиқи минбаъдаи қазияи мазкур маълум кард, ин ду шаҳрванд бо қочоқчиёни афғон Абдулло ва Хайрмаҳмад созиши ҷиноятӣ баста, воситаҳои нашъадори дастраснамудаашонро дар қуттии шарбати мева ҷойгир намуда, тавассути сарҳади гумрукии Панҷи Поён, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун бо истифода аз мошини боркаш ба ҶТ интиқол додаанд», — таъкид карданд дар хадамоти матбуоти КДАМ ҶТ.
Ташхиси минбаъда муайян кард, ки маводи мухаддири мусодирашуда воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» буда, вазни умумии онҳо 3 киллограмму 786 граммро ташкил медиҳад.
Айни замон нисбат ба боздоштшудагон бо дастрасии моддаҳои 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






