Холназар Муҳаббатов: «Барои пешгирии хушксолӣ ва обхезӣ зарур аст, ки бешазорро барқарор карда, миқдори обанборҳоро дар кӯҳистон зиёд кунем»

Декабрь 30, 2016 08:35

holnazar-muhabatovДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.

Имрӯз сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, яъне масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯйи замин аст, иртибот доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат боқӣ мемонад. Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби СММ ба хотири бартарафсозии муаммоҳои экологӣ, ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Холназар Муҳаббатов, доктори илмҳои география, мудири шуъбаи география ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

«Ховар»: Чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст?

Холназар Муҳаббатов: Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ин сарзаминро бисёр олимони забардаст, махсусан иштирокчиёни экспедитсияи солҳои 1928-1933 таҳқиқ карданд. Онҳо дар асару мақолаҳои худ табиати нотакрори кишвари моро омӯхта, таъкид намудаанд, ки табиати ин сарзамин ба ҳифз ниёз дорад. Дар кӯҳу дамани он беш аз 800 намуди растанию гиёҳҳое мерӯянд, ки онҳо танҳо хоси табиати ин сарзамин, яъне растаниҳои эндемикӣ мебошанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш доранд, ки дар дигар гӯшаҳои дунё низ ба ҳифзи захираҳои табиат диққати махсус дода шавад.  Сарвари давлат зимни баромадҳо ва гузоришҳои худ ин масъаларо ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд.

«Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза аз масъалаи ҷаҳонии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Мо дар ин самт бо кадом проблемаҳо рӯ ба рӯ ҳастем?

Холназар Муҳаббатов: Дар ҳақиқат Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккулёбии манбаъҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва 64%-и оби минтақа аз кӯҳсори кишвари мо сарчашма мегирад. Бо вуҷуди фаровонии дарё, кӯл ва пиряхҳо мушкилоти таъмин бо оби тоза дар кишвари мо низ эҳсос мегардад. Барои тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо бояд сатҳи маърифати экологии мардумро боло бардошт ва ҳамаи шаҳру деҳотро бо қубурҳои обгузар таъмин намуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 30%-и шаҳрвандон бо қубурҳои обгузар таъмин ҳастанду халос. Солҳои охир, ки аҳолии кишвар зиёд шудааст, барои пурра таъмин намудан бо оби тоза тадбирҳои фаврӣ андешидан лозим меояд. Дар миқёси ҷаҳон бехатарии об ва захираҳои он маънои сулҳ, субот ва пешравиро дар кишварҳо дорад. Мо ба дараҷаи кофӣ об дорем, вале муваффақият дар ин самт танҳо дар сурате даст медиҳад, ки мо шакл ва усулҳои маъмулии танзиму истифодаи захираҳои оби тоза ва инкишофи онҳоро пурсамар гардонем.

«Ховар»: Бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои шадиди пайдарҳам гардиданд. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст.  Барои паст кардани сатҳи ин эҳтиёҷот ба андешаи Шумо кадом корҳоро бояд анҷом дод?

Холназар Муҳаббатов: Бисёр ҳодисаҳои обхезӣ ва хушксолие, ки дар тамоми сайёра авҷ гирифтаанд, бештар ба тағйирёбии иқлим дар нимкураи шимолӣ вобаста мебошад. Аз рӯи ҳисоби  олимон дар 50 соли охир ҳарорат то 1,5 0 ва дар баъзе ҳолат то 2 0 нисбат ба меъёри муқаррарӣ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон таъсири ин омилҳо аз он сабаб ҳис карда мешавад, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва аз нарасидани қувваи барқ ва газ мардум бешазор ва махсусан бешазори кӯҳсорро ниҳоят хароб ва нобуд карданд. Бешазор танзимкунандаи асосии намнокӣ ва ҳам пешгирии селу кӯчишу тарма ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи несткунии бешазор дар бисёр деҳаҳои кӯҳистон чашмаҳо хушкиданд. Барои пешгирии ҳодисаҳои хушксолӣ ва обхезӣ зарур аст, ки бешазорро барқарор карда, миқдори обанборҳоро дар кӯҳистон зиёд кунем, то ки дар солҳои хушксолӣ об захира шавад.

«Ховар»: Мо захираҳои оби худро бояд чӣ гуна маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад?

Холназар Муҳаббатов: Барои маҳфуз доштани захираҳои об, пеш аз ҳама, зарур аст, ки ба сарфа намудани он диққати ҷиддӣ диҳем. Махсусан, истифодаи усулҳои пешқадами обёрӣ дар соҳаи кишоварзӣ. Алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ танқисии об мушкилот ва монеаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Аз бисёр ҷиҳат ин натиҷаи азхудкунии бенизоми заминҳои нав ва истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об мебошад.

Дар шароити Тоҷикистон бо усули чакрагӣ (қатрагӣ) имконият мешавад, ки дар 1 га аз 3,5 то 4 маротиба об сарфа карда шавад. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба сифату миқдор ва истифодаи захираҳои обро ҳал накунанд, таъмини рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа минбаъд душвор мегардад. Бинобар ин, ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи онҳо бояд аз ҷумлаи вазифаҳои умдатарини ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бошанд. Аз тарафи дигар риоя намудани меъёрҳои санитарӣ гарави асосии саломатии ҳар шахс мебошад. Имрӯз беш аз 1,5 млрд одамони сайёра аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, аз 1/3 ҳиссаи одамон ҳар сол аз ҳисоби обҳои ифлос мефавтанд. Дар ҳар қитъаи Африқо қариб 80%-и одамон аз риоя накардани меъёрҳои санитарии оби тоза ба бемориҳои гуногуни сирояткунанда гирифтор шудаанд.

Оби тоза мисли нафту газ аз ҷумлаи сарватҳои миллии мо ба шумор меравад ва муносибати хосаро тақозо мекунад.

Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем.

Умедворам, ки он ҳамоишҳое, ки дар доираи даҳсолаи навбатӣ бо иштироки шахсиятҳои баландмақоми кишварҳои гуногун, коршиносон ва олимони соҳа баргузор мегарданд, барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба об кумаки зарурӣ мерасонанд.

«Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Декабрь 30, 2016 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид