«Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик»-маҳфили ёдбуди донишманди маъруф

Декабрь 26, 2016 14:19

ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори хониши ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони Донишгоҳ, адибони маъруф ва донишҷӯён маҳфили илмӣ-адабии «Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик» баргузор шуд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Маҳфил ба ифтихори 75-умин солгарди донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода бахшида шуда буд. «Агар ӯ дар ҳаёт мебуд, ҳафтодупанҷсола мешуд. Ҷамъомади дирӯза ёде буд аз шогирдон, ҳамкорон, дӯстон ва наздикони устод Асозода. Худойназар Асозода аз ҷумлаи пуркортарин олимони кишвар буд, ки аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт. Вале бузургтарин мероси ӯ ёдҳои хушест, ки имрӯз баъди даргузашташ шогирдону ҳамкоронаш нақл мекунанд»,- зикр шуд дар маҳфил.
Бояд гуфт, ки Худойназар Асозода аз чеҳраҳои мондагори илму фарҳанги кишвар аст. Даҳҳо таълифоташ имрӯз барҳақ барои донишомӯзон китоби дарсӣ гаштаанд. Бахусус, таҳлилу пажӯҳишҳои фарогираш дар бораи зиндагинома ва осори поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ хеле арзишманд ва муфиданд.

Декабрь 26, 2016 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд