Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, 12 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо барфу борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳавои бебориш пешгӯйӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 6 то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо рӯзона аз 5 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш ва тағйирёбанда шуда, дар водиҳо аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавосанҷон зимистони солҳои 2016-2017-ро нисбат ба солҳои қаблӣ сербориш ва сардтар тахмин мекунанд. Агар солҳои қаблӣ боридани барф моҳҳои январ- феврал ба қайд гирифта мешуд, имсол аз моҳи ноябр бориши барф оғоз гардид. Аммо сербориш омадани зимистонро деҳқонон дар рушди соҳаи кишоварӣ ва боғдорӣ манфиатбахш унвон мекунанд.
Боришоти барф дар кишвар 11 декабр қатъ гардида бошад ҳам, вале яхбандӣ дар роҳҳои мошингард боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз пиёдагардонро зарур аст, ки ҳангоми гашту гузор аз назди биноҳои истиқоматӣ ва симҷӯбҳои барқ ҳамеша боэҳтиёт бошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






