Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Душанбе, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, 7 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва нимаи дуюми рӯз боридани борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, давоми рӯз боридани барфу борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят рӯзона аз 1 то 6 дарача хунукӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва боридани борон пешгӯйӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа ва рӯзона аз 19 то 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда бо боридани борон пешгӯйӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






