Имрӯз дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, бориши борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон пешгӯӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва бориши борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 16 то 18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар ғарби вилоят аз 7 то 12 дараҷа гарм ва дар шарқи он аз 3 то 8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 12 то 17 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, борон меборад. Дар баландии то 2000 метр барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар баландии 1000 метр барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






