Имрӯз дар Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол»-ро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 14.00 дар Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» дар мавзӯи «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар назар аст, ки дар конфронси мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зиннатулло Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сухан гӯянд.
«Инчунин устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ дар мавзӯъҳои «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол», Баҳриддин Камолиддинов дар мавзӯи «Муносибат ба забон дар матбуоти соҳавӣ» ва Аъламхон Кӯчаров «Рӯнамоии китоби «Пайкари афкор»-и Саида Набиева» маърӯза мекунанд»,-хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






