«Истиқлол» марҳалаи аввали тайёриро ба анҷом расонд
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон КФ «Истиқлол»-и Душанбе марҳалаи аввали тайёриро ба мавсими соли 2017 ва Ҷоми КФО ба анҷом расонд. Дар ин бора сомонаи клуб хабар медиҳад.
Футболбозони даста ҳоло ба истироҳати кӯтоҳмуддат фиристода шуданд. Онҳо 4 январ аз нав дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба машқҳо фаро гирифта мешаванд.
Тавре сухангӯи КФ «Истиқлол» Рустам Ҳакимов иттилоъ дод, то ҳол ба даста футболбозони нав наомадаанд ва баъди 18 январ «Истиқлол» барои идомаи тайёрӣ ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад. Мураббиёни тозаинтихоби «Истиқлол» бозингарони легионерро аз назар мегузаронанд. Ӯ гуфт: «Дар сурати ба талаботи даста ҷавобгӯ будани бозингарони нав бо онҳо шартномаҳо ба имзо хоҳанд расид. Алҳол маълум нест, ки кадом бозингар ба даста даъват карда мешавад».
Тавре иттилоъ доред, чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «D»-и бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаҳои «Алай»-и Қирғизистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва ғолиби бозиҳои плей офф барои як роҳхат ба бозиҳои минбаъда қувва месанҷад.
Аввалин бозии «Истиқлол» 14 марти соли оянда дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ғолиби бозиҳои плей-офф баргузор мегардад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






