Истифодаи протоколҳои клиникӣ дар табобати беморон яке аз воситаҳои асосии истифодаи маводи доруворӣ мебошад
Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Протоколҳои клиникӣ ҳамчун воситаи асосии истифодаи самараноки маводи доруворӣ»- таҳти ин мавзӯъ дар Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД) мизи мудаввар барои кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор шуд.
Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мизи мудаввар табибон аз нуқтаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар рафти ҳамоиш масъалаҳои муҳими вобаста бо сатҳи истифодаи протоколҳои клиникӣ ва нақши протоколҳои клиникӣ дар табобати беморонро баррасӣ намуд, зикр намуданд: «Бешубҳа истифодаи протоколҳои клиникӣ дар табобати беморон яке аз воситаҳои асосии истифодаи оқилонаи маводи доруворӣ мебошад, зеро протоколҳои клиникиро як табиб дар алоҳидагӣ тартиб надода, балки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо ҷалби гурӯҳи мутахассисони баландтахассуси соҳаи тандурустӣ бо истифода аз тибби исботшуда аз нав дида баромада, тасдиқ менамояд».
Бояд зикр намуд, ки мизи мудаввар бо ташаббуси Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД) баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






