КМТ: Дар соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 бо ҳама бурду бохт барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли бобарору таърихӣ буд, зеро дар ин сол миллати тоҷик 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистонро бо дастовардҳои муҳиму назаррас таҷлил намуд. Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои илмиву маърифатии кишвар маҳсуб мешавад, дар ин сол шумораи аъзояшонро хеле зиёд карданд. Дар робита ба як соли фаъолияти ин муассиса бо муовини директори КМТ Гадобек Маҳмудов суҳбат намудем.
«Дар соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуда, теъдоди умумии онҳо ба 105 ҳазор нафар расид. Дар соли равон дар Китобхона қариб 35 ҳазор нусха адабиёт ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллион сомонӣ харидорӣ гардида, ба фонди Китобхона наздик ба 25 ҳазор адабиёти тозанашр ворид карда шуд. Дар баробари ин Китобхонаи миллӣ якчанд лоиҳаву барномаҳоро таҳқиқу пешниҳод кард. Тибқи ин лоиҳаҳо омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом барои пешравии фаъолияти касбии китобдорон дар минтақаҳо аҳамияти калон дошт».
Ба иттилои Гадобек Маҳмудов, ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барномае таҳти шиори «Биёед ,ба китобхона меравем» роҳандозӣ гардид. Он барои ҷалби хонандагон, бахусус донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои таълимии кишвар ба китобхонаву китобхонӣ мусоидат намуд.
«Дар соли равон 367 ҳазору 739 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллӣ барои китобхонӣ омаданд, ки нисбат ба соли гузашта 111 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ба Китобхона 1050 нафар хонандагон меоянд. Инчунин дар соли 2016 сомонаи Китобхонаи миллӣ хеле фаъол буд ва аз он 291 ҳазору 438 нафар баҳра бардоштанд.
Дигар дастоварди Китобхона дар соли сипаригардида-, ин баргузории зиёда аз 120 барномаи фарҳангии дорои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2015 шаш номгӯй зиёд аст. Ҳамзамон маъмурияти Китобхона ҷиҳати забономӯзии ҷавонон ва дигар хонандагон курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро, ки аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба ташкил гардидааст, ба роҳ мондааст. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар маҷмӯъ, соли 2016 барои кормандони Китобхонаи миллӣ соли сермаҳсулу бобарор буд».- илова намуд Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.








АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад






