Комиссияи байниҳукуматӣ самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, савдо, нақлиёт, саноат, фарҳанг, маориф, варзиш ва тандурустиро баррасӣ кард

Декабрь 28, 2016 14:23

ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 27-28 декабри 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати Ӯзбекистонро дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқоти Сарвари давлат бо ҳайати меҳмонон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пайғом дода шуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ  анҷом диҳад.
Ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини  Сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ҷараён гирифт.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи ҳамсоягии нек, дастгирии ҳамдигарӣ ва кумаки бародарӣ асос ёфта, ҳамеша бо талоши бештар баҳри тақвият додан ва васеъ намудани муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ фарқ мекарданд.
Натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршуда бори дигар таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳоро барои рушди муносибатҳои баробару судманд нишон дод.
Ҳарду ҷониб нақшаҳои зиёд барои ҳамкории бештари босамар, амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии дорои хусусияти иқтисодӣ, рушди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро доранд.
Ҷаласаи Комиссия дар рӯҳияи созандагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифта, дар доираи он масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат, фарҳанг, маориф, варзиш ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо мавқеъ ва роҳҳои асосии афзун намудани гардиши тиҷоратӣ-иқтисодиро муҳокима карданд.
Қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2017 дар шаҳри Тошкент баргузор гардад.

 

Декабрь 28, 2016 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд