Маҳфил: «Мавқеи мероси фарҳангии мусиқӣ дар ташаккули зеҳнӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон»
ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 декабри соли 2016, соати 11:00 дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфил дар мавзӯи «Мавқеи мероси фарҳангии мусиқӣ дар ташаккули зеҳнӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон» баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи мазкур иттилоъ доданд.
«Мақсад аз баргузории маҳфил муайян намудани нақш ва таъсири мусиқӣ дар тарбия ва ташаккули ҷавонон, даъвати ҷавонон ба ҳифзи мероси фарҳангии мусиқӣ, мустаҳкам намудани робитаи осорхона бо ҷавонон мебошад. Дар назар аст, ки дар маҳфил донишҷӯён ва толибилмони мактабҳои миёнаи шаҳр, ки пайваста бо Осорхона робита ва ба санъати мусиқӣ ҳавас доранд, иштирок намоянд»,-хабар дод манбаъ.
Дар маҳфил Фурузонфар Зеҳнӣ, як ҷавони муваффақи тоҷик, ки дар олами мусиқӣ мавқеи худро ёфта, дар хориҷи кишвар фаъолият дорад, ба иштирокчиён дар бораи таҷрибаи худ нақл мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






