Маҷлиси намояндагон: Ордену нишонҳои даврони шӯравӣ эътибори ҳуқуқӣ доранд

Декабрь 15, 2016 08:27

ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар қатори дигар масъалаҳо лоиҳаи Қонун «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокимаи вакилони мардумӣ қарор гирифт.
Бахтовар Сафарзода вакили Маҷлиси намояндагон зимни муҳокима изҳор кард, ки «Лоиҳаи Қонун «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ду лоиҳа, ки яке аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ ва дигаре аз тарафи вакилони Маҷлиси намоядагон пешниҳод шуда буд, таҳия гардидааст».
«Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он асосҳои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёз, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида муайян гардидаанд», — таъкид намуд Б.Сафарзода.
Бояд гуфт қонуни амалкунанда дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 қабул гардида, баъзе муқаррароти он ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории ҷорӣ намебошад.
Аз ин рӯ, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда як қатор моддаҳо, меъёрҳо ва муқаррароти нав навишта шудааст. Ҳамчунин бо қабул шудани лоиҳаи қонуни нав меъёрҳои аз амал бозмонда ва мухолифатҳо аз байн бурда мешаванд.
Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат», таъсиси ордени Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ шудааст, ки ин муқаррарот низ дар лоиҳаи қонуни мазкур навишта шудааст.
Масъалаи эътироф намудани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани қонуни мазкур супорида шуда буданд, ба таври мусбӣ дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда баррасӣ шудааст.
Зикр карда шуд, ки садоқат ба Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлат дар ташаккули шахсият ва мавқеъ пайдо кардани шахс дар ҷомеа таъсиргузор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳавасмандгардонӣ ва сарфарозгардонӣ ба мукофотҳои давлатӣ агар аз як тараф, қадршиносӣ кардани корманд ва фарзанди фарзонаи миллат бошад, аз тарафи дигар, ба намунаи ибрат донистани ин гуна шахсон дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва нигоҳ доштани дигар арзишҳо мусоидат мекунад. Низоми мукаммали ҳавасмандгардонӣ ва ба мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардонии кормандон, хизматчиён, шаҳрвандон, ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ масъалаи муҳим буда, дар ташаккули инсони комил ва нигоҳ доштани фазои солим нақши муҳим дорад.
«Қадршиносӣ аз шахсоне, ки дар давлат хизмат кардаанд, нишонаи бардавомии давлат аст, нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад», — гуфт вакили Маҷлиси намояндагон А.Холиқзода.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баъд аз муҳокимаи ҳамаҷониба лоиҳаи Қонун «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд.
Аз ҷониби раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъкид карда шуд, ки нишону орденҳои даврони шӯравӣ эътибори ҳуқуқии худро гум накарда, имтиёзҳои ордену нишонҳои даврони шӯравӣ ва ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани қонуни нав супорида шуда буданд, нигоҳ дошта мешаванд.

Декабрь 15, 2016 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид