Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар тарбияи варзишгарон ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун саҳми сазовор мегузорад

Декабрь 28, 2016 16:00

ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади рушду инкишофи варзиши лижаронӣ дар мамлакат ва ҳамзамон бо ин, омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш дар мавзеи Сафедорак маркази варзишӣ бо 60 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст ва он имконият медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз шароити беҳтарини муҳайёшуда таҳсилу тамрин карда, дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд, — таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ифтитоҳи биною иншооти нави Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара».
Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки: « Маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарон ба ин намуди зебои варзиш ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовори худро мегузорад».

Декабрь 28, 2016 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст