«Маориф бо қалам, маҷалла ва рӯзнома зинда аст»-бардошт аз конфронси ҷумҳуриявии «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол»
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» конфронси ҷумҳуриявии «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» доир шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Вақте ки дар бораи маориф сухан мекунем, пеш аз ҳама, ба ёд меорем, ки маориф бо қалам, маҷалла ва рӯзнома зинда аст. Маорифпарварони мо дар солҳои аввали давлатдории тоҷикон шояд ба хулосае омаданд, ки на танҳо дар бораи ягон маҷалла суҳбат кунанд, балки махсус маҷаллае бошад, ки омӯзгорро тарбия намояд. Зеро омӯзгор худ устод, таҳиягар, созанда ва бунёдкори ҳар гуна миллат ва давлат мебошад»,-зикр шуд дар оғози конфронс.
Дар конфронси мазкур сиёсатмадорон, рӯзноманигорони шинохта ва устодони донишгоҳҳои кишвар сухан гуфтанд.
Мурод Муродӣ, устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» чунин гуфт: «Дар замони имрӯз аз нигоҳи фарогирии воқеиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, озодии андешаву баён, ифшои камбудӣ ва муносибати интиқодӣ ба амалҳои номатлуб матбуоти даврӣ имкони бештар пайдо карда, дар сафи пеши расонаҳои хабарӣ қарор дорад. Дар ин самт нақши матбуоти соҳавӣ низ кам нест».
Хотиррасон менамоем, ки конфронси ҷумҳуриявии «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» сурат гирифт.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






