Маркази нави ташхиси беморон- «Некдил» дар Қӯрғонтеппа ифтитоҳ ёфт
Қӯрғонтеппа, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Беморхонаи вилоятии Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Маркази рентгеноангиография ифтитоҳ гардид.
Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи марказ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки ин аввалин маркази рентгеноангиография дар вилоят ба ҳисоб рафта, қаблан беморон барои табобати рагҳои майда ва калони хунгузар ба пойтахти Тоҷикистон ё хориҷи кишвар мерафтанд.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, акнун таҷҳизоти тиббии марказ имконият медиҳад, ки бемор дар ҷояш ташхис ва табобат карда шавад.
Бунёд ва мавриди истифодадиҳии ин марказ барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






