«Мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баррасӣ гардид

Декабрь 10, 2016 13:14

ДУШАНБЕ, 10.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон»- таҳти чунин унвон 10-уми декабри соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо мақсади таҳлили рӯзи ҳуқуқи инсон, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари мо ҷашн гирифта мешавад, ташкил карда шуд. Зимни он иштирокчиён иброз намуданд, ки баргузории конференсияи мазкур ба якчанд санаҳои фархунда, аз ҷумла рӯзи ҳуқуқи инсон, 68-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рост меояд. Аз ин рӯ, он метавонад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳуқуқи инсон дар кишвар саҳми худро гузорад. Дар конфронс мавзӯъҳои мубрам ва рӯзмарраи ҳаёти ҳуқуқии кишвар шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён  таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тоҷикон аз даврони қадим ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ мегузоштанд, ки далели он соли 539 то мелод қабул гардидани Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Дар даврони Истиқлолият низ ин анъанаи ниёгон идома дода шуда, дар сатҳи конститутсиони инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон карда шуд. Баргузор гардидани конференсияи мазкур қадами муҳиме дар самти таҳкими ҳуқуқи инсон ба шумор рафта ҳадафи он дар ҳар як фард ташаккул додани фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин рӯ, иштирокчиёни конференсия боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар онҳо шакл гирифтани фарҳанги ҳуқуқи инсонро вазифаи аввалиндараҷаи олимони ҳуқуқшинос арзёбӣ намуданд.

Декабрь 10, 2016 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа