Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ Абдулазиз-ал-Бодӣ

Декабрь 2, 2016 15:24

Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз-ал-Бодӣ бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.
«Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қаноатманд ҳастем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем. Дар ин росто ёдовар шудан мехоҳам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба аз кишвари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздид ба амал оварданд. Ин худ гувоҳи таваҷҷуҳи хосси роҳбарияти олии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ мебошад», — зикр кард Ш.Зуҳуров ва илова кард, ки «Мо аз сиёсати хориҷии Ходими Ҳарамайни Шарифайн, ки ба пойдор намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар минтақа ва саросари олами Ислом нигаронида шудааст, пуштибонӣ менамоем».
Бояд гуфт, фаъолияти Комиссияи муштараки байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аз механизми муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.
Ҳамчунин барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратии байни ду кишвар таҳти сарпарастии сохторҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва палатаҳои савдову саноат зарурати таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони ду кишвар ва дар ин росто ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба мақсад мувофиқ аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки то ҷое огоҳӣ дорем, Арабистони Саудӣ мушкили оби ширину мусаффои ошомиданӣ дорад. Кишвари мо дорои захираҳои фаровони оби тоза аст, ки ҳама аз кӯҳҳо ва чашмаҳо ибтидо мегирад. Ба назари мо ду кишвар метавонанд дар соҳаи содироти оби ошомиданӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намоянд.
Парламенти Тоҷикистон ҳамчунин ҷиҳати густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омода аст, ки пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
Сафири тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз-ал-Бодӣ изҳор дошт, ки аз тамоми имконот ва донишу маҳорати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷонибаи байни кишвараш ва Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо талош хоҳад кард.

Декабрь 2, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд