Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон

Декабрь 9, 2016 09:41

ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 7 декабр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои раёсати Олмон дар САҲА дар соли 2016, бандҳои асосии рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА ва кишварҳои ширкаткунандаи он мубодилаи афкор намуданд.

Декабрь 9, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд