«Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар»- семинар дар ДМТ
ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ДМТ хабар доданд.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён иштирок ва сухан карданд.
«Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад»,-иброз дошт Дилшод Раҳмон, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.








Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






