Наим Мансурзода: «Паёми Пешвои миллат моро барои ворид шудан ба марҳалаи нави рушди Тоҷикистон раҳнамун сохт»

Декабрь 30, 2016 15:06

amirhocha-goibnazarovДУШАНБЕ, 30.12.2016. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҷамъомад Наим Мансурзода, Раиси Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати аҳамияти Паёми Сарвари давлат, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва дастуру супоришҳои додашуда сухан гуфта, аз ҷумла, зикр кард, ки Сарвари давлат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии миллат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида, ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуд ва моро барои ворид шудан ба марҳалаи нави рушди Тоҷикистон раҳнамуд сохт.
Наим Мансурзода ҳамчунин изҳор дошт, ки Пешвои миллат дар Паём аз мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ дар фаъолияти баъзе аз мақомоти кишвар, аз ҷумла ҳокимияти судӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд.
sudi-iktisodi«Пешгирӣ, ошкоркунӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қарор дошта, дар доираи иҷрои бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия намуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ қарор дорад», -изҳор дошт Наим Мансурзода.
Дар ҷаласа ҳамчунин А. Қодирзода, муовини якуми Раиси Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Х.Раҳимзода, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, С.Шарифзода, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон доир ба дигар нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.

Декабрь 30, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ