Наим Мансурзода: «Паёми Пешвои миллат моро барои ворид шудан ба марҳалаи нави рушди Тоҷикистон раҳнамун сохт»
ДУШАНБЕ, 30.12.2016. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҷамъомад Наим Мансурзода, Раиси Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати аҳамияти Паёми Сарвари давлат, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва дастуру супоришҳои додашуда сухан гуфта, аз ҷумла, зикр кард, ки Сарвари давлат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии миллат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида, ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуд ва моро барои ворид шудан ба марҳалаи нави рушди Тоҷикистон раҳнамуд сохт.
Наим Мансурзода ҳамчунин изҳор дошт, ки Пешвои миллат дар Паём аз мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ дар фаъолияти баъзе аз мақомоти кишвар, аз ҷумла ҳокимияти судӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд.
«Пешгирӣ, ошкоркунӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қарор дошта, дар доираи иҷрои бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия намуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ қарор дорад», -изҳор дошт Наим Мансурзода.
Дар ҷаласа ҳамчунин А. Қодирзода, муовини якуми Раиси Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Х.Раҳимзода, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, С.Шарифзода, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон доир ба дигар нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






