Наваскарони отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ савганд ёд карданд

Декабрь 14, 2016 16:19

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар отрядҳои сарҳадии «Хоруғ», «Ҳамадонӣ», «Панҷакент» ва Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии зиёда аз 500 нафар наваскарон баргузор гардид.
Сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки маросим бо садо додани Суруди миллӣ ва баровардани байрақи ҷангӣ оғоз гардид. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ наваскаронро табрик намуда, зикр кард, ки: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Савганди ҳарбӣ мебошад. Моҳияти асосии Савганди ҳарбӣ -ин қасами сарбоз барои ҳифзи сохти конститутсионии давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият мебошад. Бинобар ин аз афсарони баландрутба сар карда, то сарбози қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллати худ бошанд».
«Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона посбонӣ кардани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст. Аз ин рӯ, хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад»,-изҳор доштанд раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ, собиқадорон ва падару модарони сарбозон.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ афсарону сарбозони фаъол бо медалҳо, нишони сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Декабрь 14, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид