Нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Берлин
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12-14 декабри соли равон дар шаҳри Берлини Олмон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ барои соли 2017 баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Точикистон дар Олмон иттилоъ доданд.
«Ҷонибҳо дар ҷараёни кори ҷаласа натиҷаи ҳамкории баҳри рушд равонашудаи Тоҷикистону Олмонро арзёбӣ карда, таваҷҷуҳи худро ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ дар самтҳои рушди босуботи иқтисод ва тандурустӣ изҳор намуданд»,-зикр кард манбаъ.
Ҷониби Олмон аз қабули «Стратегияи нави рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030» истиқбол намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар иҷрои бандҳои он иброз намуд. Тибқи муқаррароти Протоколи баимзорасида Ҳукумати Олмон ба Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ баҳри рушд дар солҳои 2016-2017 маблағҳои навро дар ҳаҷми 33,5 миллион Евро пешниҳод менамояд.
Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Сайдраҳмон Назризода бар уҳда дошта, дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуд.








Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






