Ноҳияи Ёвон 126 нафар занони роҳбар дорад
ЁВОН, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохўрии аъзои Раёсати Шўрои занони ноҳия бо собиқадорони меҳнат, бонувони фаъолу пешқадам ва духтарони ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Таҳмина Ҳоҷиева иттилоъ дод.
«Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Гулрухсор Саидзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сабоҳат Каримова оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд сухан гуфтанд»,-хабар дод манбаъ.
«Аҳолии ноҳия 210 ҳазору 962 нафар мебошад, ки 104 ҳазору 891 нафараш занону духтаронанд. Дар асоси сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 126 нафар занони ноҳия дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Дар интихоботи навбатии вакилон ба мақомоти намояндагӣ, маҷлиси вакилони халқи вилоят 2 нафар, маҷлиси вакилони халқи ноҳия 8 нафар ва маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 33 нафар занон интихоб гардидаанд»,-зикр гардид дар мулоқот.
Инчунин дар соҳаҳои маориф 1 ҳазору 589 нафар, фарҳанг 52 нафар, тандурустӣ 923 нафар, саноат 163 нафар, соҳибкорӣ ва савдо 1 ҳазору 544 нафар, сохтмон 923 нафар, молия ва андоз 8 нафар, почта ва алоқа 5 нафар, кишоварзӣ 16336 нафар занон фаъолият доранд.
851 нафар занони ноҳия роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






