Пагоҳ дар Сирки давлатӣ «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 31 январи соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон намоиши сиркӣ таҳти унвони «Афсонаи солинавӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Кӯдакон ва наврасонро барномаи шавқовару гуногунжанри сиркӣ, ба мисли гимнастҳо дар ҳалқа, гимнастҳо дар глобус, кордбозҳо, масхарабозон ва намоишҳо бо ҳайвонҳои хонагӣ интизоранд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар барнома ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон маҳорату истеъдоди нодири худро намоиш медиҳанд.
Барномаи «Афсонаи солинавӣ» то 22 январи соли 2017 дар Сирки давлатии Тоҷикистон идома меёбад.









«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






