Паём: Дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд.
«Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ ва истифодаи самараноки онҳо зарурати таҷдиди назар кардани маблағгузории соҳаи илм ба миён омада, Ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати ба танзим даровардани он чораҷӯӣ намояд»,-илова намуданд Пешвои миллат.
Президенти кишвар бовар намуданд, ки минбаъд олимони тоҷик дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






