Пешвои миллат: Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат изҳор карда, таъкид намуданд, ки «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд».
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст, — таъкид намуданд Сарвари давлат ва илова карданд, ки «Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад».
Мавриди зикр аст, ки субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати қабул шудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барқияи табрикӣ ирсол кард.
Сарвари давлат вобаста ба ин изҳор карданд: «Ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегӯям».
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки «Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






