Пратибҳа Меҳта аз ҳамкории фаъолона бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ изҳори қаноатмандӣ кард

Декабрь 20, 2016 16:03

ДУШАНБЕ, 20.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалӣ ва тамринҳову омӯзишҳое, ки сохторҳои СММ созмон медиҳанд, фаъолона ширкат мекунанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни мулоқот бо Намояндаи доимии тозатаъйини Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта изҳор дошт.
«Рустам Назарзода дар мулоқот аз ҳамкории дуҷонибаи Кумита бо сохторҳои СММ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ ҳамзамон ба муҳим будани истифодаи васеи имкониятҳои ин ҳамкорӣ таъкид кард»,-хабар доданд аз Кумита.
Хонум Пратибҳа Меҳта аз пазироии гарм ва ҳамкории фаъолона изҳори қадрдонӣ карда, зикр дошт, ки дар Тоҷикистон дар самти идораи хатари офатҳо, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои он барномаҳои муҳим роҳандозӣ шудаанд.
«Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодасозии кормандони хадамоти наҷоти Кумита ва ҳамкории минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин нақшаи ҳамкории муштарак оид ба хабардоркунии бармаҳали аҳолӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва ҷараёни татбиқи созишномаҳо баррасӣ гаштанд»,-зикр кард манбаъ.

Декабрь 20, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд