Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ тақдим мекунад
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар самти тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди низомӣ дар доираи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва баҳри муътадил нигоҳ доштани вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2017 теъдоди зиёди техникаҳои ҳозиразамони авиатсионӣ, аз қабили чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангии муосир ва дигар лавозимоти ҳарбӣ-техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Дар ин бора корманди маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Давлатёри Ҷурақулзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Хотиррасон мекунем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Мирзо зимни иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои вазирони мудофиаи ИДМ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва мулоқот бо бо вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.
«Зимни мулоқот бо изҳори эътимод таъкид шуд, ки тақдими ҳама гуна лавозимоти ҳарбӣ тибқи нақша дар муҳлати муқарраргардида ва сари вақт раонида мешавад. Ҷонибҳо муносибатҳои ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русияро дар чорчўбаи ҳамкории самарабахши низомӣ дар соли 2016 натиҷагирӣ карда, нақшаи мутақобиланд судмандро дар самти густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳарбӣ барои соли 2017 ба имзо расониданд»,-зикр кард манбаъ.
Илова бар ин, Сергей Шойгу изҳор дошт, ки Федератсияи Русия тайёр кардани афсарони касбӣ ва мутахассисони хурду миёнаи низомиро барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ идома дода, дар ин замина аллакай барои Артиши миллии тоҷик беш аз ҳазор нафар мутахассисони ҳарбиро омода кардааст.
Дар вохўрӣ инчунин оид ба пурзўр ва мустаҳкам намудани сарҳадоти давлатҳои Иттиҳод мубодилаи афкор сурат гирифта, ба сатҳи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо дар самти ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
«Доман паҳн кардани ташкилотҳои террористӣ дар ҳудуди Афғонистон амнияти марзҳои ИДМ-ро зери хатар мегузорад. Аз ин рў, мо бояд дастаҷамъона бар зидди ин гуна падидаҳои номатлуби террористиву экстремистӣ муборизаро боз ҳам пурзўр намоем»,- изҳор намуданд вазирони мудофиа.
Шералӣ Мирзо иброз дошт, ки баҳри ҳимояи боэътимоди сарҳади ҷанубии кишварҳои иттиҳод тамоми тадбирҳо роҳандозӣ гардида, марзҳои давлатии кишвар дар айни ҳол пурра таҳти назорат қарор доранд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






