Саҳми ҳадафҳои рушди устувор дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар 7 декабр дар доираи ҳамкории барномавӣ бо муовини Директори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии барномаҳо Сара Пул вохўрд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Қосим Роҳбар дар вохӯрӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушд дар моҳи июни соли равон заминаи асосӣ ҳисобида, ҳадафҳои рушди устуворро дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ аз муҳимтарин барномаи стратегӣ арзёбӣ намуд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки Кумитаи рушди маҳал дар татбиқи барномаи ҳадафҳои рушди устувор бо назардошти таҳияи методология оид ба муайян сохтани нишондиҳандаҳо ва баҳодиҳии фаъолияти мақомоти иҷроия саҳми худро мегузорад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






