Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ боиси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мегардад

Декабрь 1, 2016 16:52

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз конфронси дуюми байналмилалии «Баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ (ИМД) ва таъсири он ба рушди устувори иқтисодӣ дар Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллӣ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мақсад аз баргузории конфронс муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёрсамта байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ мебошад.
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён зикр намуд, ки конфронси имрӯза барои арзёбии вазъ ва дурнамои идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам оварда, ба иҷрои он вазифаҳое, ки ба мо вогузор шудаанд, мусоидат менамояд.
«Новобаста аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, дар соли равон бо шарофати меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба натиҷаҳои муайяни рушди иқтисодиёт ва муътадилии сиёсати макрофискалӣ ноил гаштем. Суръати афзоиши ММД дар давоми 10 моҳи соли равон андозаи 6,7%-ро ташкил дод. Ҳамчунин дар як зумра бахшҳои иқтисодиёти миллӣ афзоиш ба назар мерасад. Мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи ин натиҷаҳо, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам кишвари осебпазир аз омилҳои беруна, ки боиси маҳдуд гардидани гардиши савдои хориҷӣ, интиқоли пули муҳоҷирон, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, даромади буҷа ва фаъолияти соҳибкорӣ мегарданд, боқӣ мемонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани таъсири омилҳои беруна дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ қарор қабул кард. Он татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, таҳкими сиёсати пулию фискалӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориро фаро мегирад», — илова намуд Ҷамшед Нурмуҳаммадиён.
Дар ҷараёни конфронс масоили рушди муносибатҳои молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонӣ, раванди буҷа ва пешгӯи дар кишварҳои рушдкунанда, рушди фарогир дар шароити равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конфронс намояндагони Федератсияи Русия, Фаронса, Ҷумҳурии Қазоқистон ва инчунин олимон, коршиносон ва кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо иштирок доранд.

Декабрь 1, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа