Санъаткорони тоҷик ба Фестивал-озмуни нуҳуми байналмилалии «Санъат ҷаҳонро муттаҳид месозад» дар Сочи даъват мешаванд
Душанбе, 06.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 10 январи соли 2017 дар шаҳри Сочи Фестивал-озмуни нуҳуми байналмилалии «Санъат ҷаҳонро муттаҳид месозад» ва Фестивал-озмуни дуюми байналмилалии «Бозгашт ба сарчашма: ҳифзи фарҳанги халқии ватанӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Фестивал-озмунҳои номбурда бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия, Иттифоқи композиторони Русия ва ҳокимияти вилояти Краснодар гузаронида мешаванд. Барои иштирок дар озмунҳо ансамблҳо ва гурӯҳҳои эҷодии давлатию шахсӣ, ҳунарпешагон ва сарояндагон бе маҳдудияти синну сол даъват карда мешаванд»,- зикр намуд манбаъ.
Озмунҳо дар номгӯи «Санъати вокал», «Санъати хореография», «Навозиши асбобҳои мусиқӣ», «Санъати театрӣ», «Санъати сиркӣ-эстрадӣ», «Санъати тасвирӣ», «Оҳангсози ҷавон», «Санъати ороиши амалӣ», «Сухани бадеӣ» доир мегарданд.
Санъаткорони тоҷик метавонанд дар озмунҳои мазкур иштирок намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






