Ширкати «Помирэнерҷӣ» ба кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат туҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои хайриявӣ расонид
ХОРУҒ, 30.12.2016. /АМИТ Ховар/. Ширкати «Помирэнерҷӣ» ба 11 нафар кӯдакони маъюби шаҳри Хоруғ ва тарбиягирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон туҳфаҳои солинавӣ, иборат аз асбобу анҷоми хониш, ширинӣ ва бозичаҳо барои ороиши арча туҳфа намуд. Корманди Маркази матбуоти ин ширкат Мирзоазиз Мирзоқандов гуфт, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ бо ҳидояти Пешвои миллат ширкати «Помирэнерҷӣ» сарпарастии онро ба уҳда гирифт. Ширкат дар ҳар ҷашну маросимҳои миллӣ ҳам аз ҷиҳати моддию ҳам маънавӣ тарбиягирандагонро дастгирӣ менамояд, барояшон консерту маҳфилҳои зеҳнӣ баргузор карда, онҳоро бо асбобу анҷоми хонишу технологияи муосир таъмин мекунад. Дар остонаи Соли нави мелодӣ ҳамчунин ба чанд нафар аз кӯдакони маъюби шаҳри Хоруғ низ чунин туҳфаҳо супурда шуданд.
Раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоева ба хонаи оилаҳои ниёзманд рафта, ба онҳо кумакҳои яквақтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






