Ширкати «Сомон Эйр» барои мавқуф гузоштани парвозҳо ба самти Краснодар, Красноярск ва Иркутск омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз ширкати ватании «Сомон Эйр» изҳорот пахш кард, ки дар он омадааст: «Воқеан ҳам 22 декабр ширкати «Сомон Эйр» аз Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия дар хусуси манъ шудани парвозҳо ба самтҳои Оренбург, Краснодар, Красноярск ва Иркутск мактуб гирифт. Дар мактуб сабаби манъ шудани парвозҳо ба созиш нарасидани мақомоти дахлдори ду кишвар зимни машварати ҷонибҳо дар Москва оид ба додани иҷозат ба парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский» ба Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Бинобар ҳамин имрӯз ширкати «Сомон Эйр» маҷбур шуд, ки парвоз ба хатсайри Душанбе-Оренгбургро мавқуф гузорад. Ба ҳамаи мусофирон маблағҳояшон баргардонида мешавад.
Ширкат барои нороҳат шудани мусофирон бахшиш мепурсад.
Айни ҳол ширкати «Сомон Эйр» барои мавқуф гузоштани хатсайрҳо ба самтҳои Краснодар, Красноярск ва Иркутск омодагӣ мегирад».
Хотиррасон мекунем, ки чанде пеш раёсати авиатсияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот дод, ки «бо сабаби он ки аз ҷониби Тоҷикистон ширкати дуюми мусофиркашон дар хатсайри мазкур таъйин нашудааст ва бо мақсади нигоҳ доштани баробарӣ (паритет) масъалаи иҷозат додан ба парвозҳои доимӣ ба ширкати «Ямал» дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 аз имкон берун мебошад».
Ҳамчунин раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки «ширкати «Ямал» бе гирифтани иҷозати парвоз ҳуқуқи фурӯхтани билетҳоро бо хатсайри «Жуковский-Душанбе-Жуковский» надошт».
Дар баробари ҳамин 22 декабр раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон «бо назардошти он ки 100 нафар мусофирон билет харидорӣ карда, муддати ду рӯз дар фурудгоҳи «Жуковский» мунтазири парвоз буданд, қарор қабул кард, ки ба ширкати «Ямал» ба таври истисноӣ иҷозати парвоз дода шавад».
Дар асоси иҷозати истисноии ҷониби Тоҷикистон самолёти ширкати «Ямал» 22 декабр соати 13 бо 100 нафар мусофир ба фурудгоҳи Душанбе парвоз анҷом дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






