Сироҷидин Аслов ба намояндагони корпуси дипломатӣ ва ВАО оид ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» маълумот дод

Декабрь 29, 2016 16:58

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
«Тавре ки ба Шумо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд»,-таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов зимни нишасти хабарӣ имрӯз дар Душанбе.
Дар нишасти хабарӣ намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.
Ба гуфти Сироҷидин Аслов, мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад).
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳанӯз зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар зикр карда буд, ки «… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд».
Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об роҳандозӣ шавад.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва дар асоси қатъномаҳои МУ СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири МУ СММ баргузор карда шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид чорабиниҳои зерини байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», моҳи июни соли 2010;
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, моҳи августи соли 2013;
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», моҳи июни соли 2015.
Моҳи июли соли равон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гузоришеро дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 интишор кард (A/71/260). Тибқи гузориши мазкур, «дастовардҳои даҳсола назаррас будаанд. Дар таърихи СММ Даҳсолаи мазкурро бо назардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард».
Ҳамчунин дар гузориш ишора ба он шудааст, ки «… даҳсола норасоӣ ва мушкилотеро, ки боиси суст гардидани пешравиҳо дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об шудаанд, ошкор намудааст. Дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоти зиёд дар мудирияти захираҳои инсонӣ, ниҳодӣ ва молиявӣ ба мушоҳида мерасанд».
Мувофиқи Қатъномаи МУ СММ ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:
рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизистӣ; роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор; тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор;
Ғайр аз ин, Қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизоӣ, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.
Илова ба ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад: такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об; бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули иштирок ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об; тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.
Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли СММ тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии «СММ-Об» ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ тадбирҳо андешад. Дар ин раванд бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири Кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудаанд, ба назар гирифта шаванд.

Декабрь 29, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Шараф Шерализода бо муовини котиби давлатии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба молияи байналмилалӣ мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд