ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»: ҳадаф-хизматрасонии босифат
ДУШАНБЕ, 12.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти хизматрасонии рӯизаминии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Дар ин бора аз Хадамоти мазкур хабар доданд.
«Дар айни замон 215 адад техникае, ки ба ин Хадамот вобаста шудаанд, дар ҳолати хуби корӣ ва омодабош қарор доранд. Дар рӯзҳои пурбарфу сард мутахассисони Хадамоти номбурда ба таври шабонарӯзӣ кор карда, барои бе монеа пешвоз гирифтан ва гусели ҳавопаймоҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд»,-зикр кард манбаъ.
«Вазифаҳои асосии Хадамот аз таъминоти фаъолияти корхона бо нақлиёти автомобилӣ, ташкили кори нақлиёти махсус, татбиқи истифодаи самаранок, оқилона ва эҳтиёткоронаи механизмҳо ва мошинҳои махсус, маводи баҳрабардорию таъмиркунӣ ва таҷҳизот тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршуда, ташкил ва амалисозии хизматрасонии босифат ва саривақтии ҳавопаймоҳо бо механизмҳо ва мошинҳои махсус, ҳамлу нақли мусофирон, почта, борҳо, истифода ва таъмири саривақтии кондитсионерҳо, ташкили истифода ва таъмири дурусти техникии мошинҳо ва механизмҳо иборат мебошанд»,-хабар доданд аз Хадамоти хизматрасонии рӯизаминии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






