Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ тавассути Паёми Пешвои миллат огоҳ шуданд

Декабрь 23, 2016 12:08

ТОҶИКОБОД, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр сокинони ноҳияи Тоҷикобод пас аз тамошои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ огоҳ шуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси дастгоҳи ноҳия Тоҳир Устоев иттилоъ дод.
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ин вазифагузориҳо ба пешрафти иқтисодию иҷтимоию сиёсии кишвари азизамон таъсири мусбат мерасонанд»,-иброз дошт зимни суҳбат Тоҳир Устоев.

Декабрь 23, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст