Суғд: Ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» муайян гардиданд

Декабрь 6, 2016 14:37

Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласа ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки: «дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма дар расонидани иттилоот ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас мебошад. Маҳз бо назардошти нақши матбуот, телевизиону радио ва дигар намуди расонаҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ВАО ҳамкории хубу самаранокро ба роҳ монда, ҷиҳати тавсеаи он боз ҳам тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд».
«Ҳамин тариқ, 37 нафар хабарнигорон бо диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1500 то 6 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 17 феврали соли 2016 таҳти унвони «Хомаи созанда- 2016» аз рӯи бахшҳои «Соли фарди солим» ва масъалаҳои муҳими ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Соли 2016-соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ва «Таҳқиқоти журналистӣ» озмуни вилоятӣ эълон гардида буд.

Декабрь 6, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад