Таъмири барвақтии 31 адад пойгоҳи обкашӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров
Б. Ғафуров, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмини обрасонӣ ба соҳаи кишоварзӣ таъмиру навсозии иншооти ирригатсионӣ, хусусан 31 адад пойгоҳи барқии обкаширо барвақт оғоз намуданд.
Таъмири асосии қисҳои эҳтиётии 128 агрегати пойгоҳҳои обкашӣ дар базаи истеҳсолии идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, ки аз коргоҳҳои мукаммали соҳа аст, сурат мегирад.
Дар ноҳия дар баробари дигар иншооти обрасонӣ таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию заминҳои кишоварзии аҳолӣ аз вазъу ҳолати 3 пойгоҳи барқии обкашии шинокунандаи «Хоҷабоқирғон» ва 1 ва пойгоҳи обкашии шинокунандаи «Сомғор» вобастагии калон дорад.
Зеро аз 22 ҳазор гектар замини корами обии танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ 14 ҳазор гектараш тавассути пойгоҳҳои «Хоҷабоқирғон 1-2-3» ва 5,7 ҳазор гектараш ба воситаи агрегатҳои 3 пойгоҳи «Сомғор» дар се бардошт бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.
Гурўҳи челонгару барқчиҳо таъмири ҷории муҳаррикҳоро дар худи пойгоҳҳои обкашӣ гузаронида истодаанд. Ин асосан, таъмири асосии рехтаҳои чӯянӣ, чархҳои корӣ, тирҳои чархҳои корӣ ва таъмин бо рангу маводи изолятсионӣ мебошад. Дар асоси шартнома рехтаҳои чӯянӣ аз корхонаи механикии шаҳри Бўстон- Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» харидорӣ карда мешавад.
Тавре аз Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ иттилоъ доданд, дар мавсими соли 2016 ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба маблағи 3 миллиону 940 ҳазор сомонӣ оби полезӣ дода шуда, зиёда аз аз 2 миллиону 800 ҳазор сомонии он аз тарафи хоҷагиҳо пардохт карда шудааст. Ин фоизи баланди пардохти ҳаққи истифодаи оби полезӣ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад, ки барои таъмири саривақтӣ имконият додааст. Дар назар аст, ки таъмиру омодагии пойгоҳҳои обкашӣ то оғози соли нав анҷом ёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






