Тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушд ба маблағи беш аз 25 млрд $ аз сӯи Парлумон
ДУШАНБЕ, 28.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» -ро тасдиқ кард, ки барои татбиқи он беш аз 25 млрд доллар харҷ карда мешавад.
Ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки санади мазкурро дар назди вакилони Парлумон Умед Давлатзод, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ва Шариф Раҳимзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд.
Таъкид гардид, ки барои кишвари мо дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави рушд, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим аст, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешавад.
Эҳтиёҷоти умумии молиявии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» 25,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки 14 миллиард доллари он аз буҷети кишвар, 9, 1 млрд. доллар аз бахши хусусӣ ва 2,4 миллиард доллар аз ҳисоби шарикони рушд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






