Тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушд ба маблағи беш аз 25 млрд $ аз сӯи Парлумон

Декабрь 28, 2016 14:26

 ДУШАНБЕ, 28.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» -ро тасдиқ кард, ки барои татбиқи он беш аз 25 млрд доллар харҷ карда мешавад.
Ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки санади мазкурро дар назди вакилони Парлумон Умед Давлатзод, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ва Шариф Раҳимзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020»  ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян   менамояд.
rahimzoda-shТаъкид гардид, ки барои кишвари мо  дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави рушд, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим аст, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешавад.
Эҳтиёҷоти умумии молиявии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020»    25,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки 14 миллиард доллари он аз буҷети кишвар, 9, 1 млрд. доллар аз бахши хусусӣ ва 2,4 миллиард доллар аз ҳисоби шарикони рушд  мебошад.

Декабрь 28, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд