Тоҷикистон аз 1 январи соли 2017 низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводидро ҷорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 17.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз 01 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, низоми нав ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда аз тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои зарурӣ даъват карда хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда аз тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.
Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки низоми нави электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми «Раводиди электронӣ»-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад. Чуноне ки маълум аст, «Раводиди электронӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида — www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 рӯз амал мекунад. Дорандаи он метавонад дар қаламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. «Раводиди электронӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулода (форс-мажорӣ).








Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






